Фонд Евразия, Таджикистан  Фонд Евразия, Таджикистан
ТЕНДЕРЫ / ВАКАНСИИ

2022-11-16 ТАВСИФОТИ ТЕХНИКӢ Таҳияи консепсия ва омода намудани видеоклипҳои давомнокиашон тақрибан то 1 дақиқа ва 5-7 дақиқа дар доираи лоиҳаи «Чораҳои маърифатӣ оид ба пешгирии ифротгароии хушунатомез миёни кӯдакону наврасон дар ноҳияҳои интихобшудаи Тоҷикистон»

2022-09-29 Фонд Евразия Центральной Азии-Таджикистан: Открыта вакансия на должность «Программный менеджер»

2022-08-30 Фонд Евразия Центральной Азии - Таджикистан объявляет тендер.

2022-08-22 Местный специалист по сбору данных сроком на 4 месяца

2022-06-22 Notification of Funding Opportunity.

2022-05-10 Проект по сельскому хозяйству и управлению земельными ресурсами в Таджикистане в рамках программы «Продовольствие во имя будущего», финансируемый Агентством США.

2022-05-10 Лоиҳа оид ба кишоварзӣ ва идоракунии заминҳои кишоварзӣ дар Тоҷикистон дар доираи ташаббуси “Озуқаворӣ ба хотири оянда”

2022-05-06 Фонд Евразия Центральной Азии - Таджикистан объявляет конкурс на вакантную должность

2022-04-15 ФЕЦА - Таджикистан объявляет тендер на покупку технического оборудования

2022-03-15 Выполнение работ по разработке и внедрению электронного аналитического отчета и дополнительных услуг/сервисов на уровне определенных джамоатов в районе Канибадам



Все Тендеры / Вакансии

Лоиҳа оид ба кишоварзӣ ва идоракунии заминҳои кишоварзӣ дар Тоҷикистон дар доираи ташаббуси “Озуқаворӣ ба хотири оянда”

Огоҳинома дар бораи имкониятҳои маблағгузорӣ IPF-018-22

Дархост барои изҳори ҳавасмандӣ барои татбиқи лоиҳаи шарикӣ IPF-018-22

Мавӯъи озмун: “Лоиҳаи истеҳсоли қулфинай ва барномаи менторӣ”

Таърихи пешниҳод : 23 майи соли 2022

 

Лоиҳа оид ба кишоварзӣ ва идоракунии заминҳои кишоварзӣ дар Тоҷикистон дар доираи ташаббуси “Озуқаворӣ ба хотири оянда” чорабинии 5-солаи USAID буда, аз ҷониби DAI Global амалӣ мегардад, занони соҳибкор ва хоҷагиҳои деҳқонии хурдро аз ноҳияҳои Қубодиён, Шаҳритуз, Ҷайҳун ва Дӯстӣ  баҳри татбиқи лоиҳаи сармоягузории муштарак оид ба такмили тиҷорати истеҳсоли қулфинай барои пешниҳоди дархостҳо даъват мекунад.  Ҳадафи барнома ин такмил додани тиҷорати мавҷудаи занон буда такмили самтҳои зеринро дар бар мегирад: 1) ҷорӣ намудани технологияҳои нав барои истеҳсоли навъҳои нави қулфинаи ба бозор нигаронида шуда; 2)  такмил додани малакаҳои соҳибкорон дар идоракунии тиҷорати худ ва истеҳсолот, ки тариқи омӯзишҳо ва барномаи менторӣ амали мешавад. Соҳибкорон бояд таҷрибаву хоҳиши қавӣ ва барои сармоягузорӣ намудани 30%-и маблағи умумии буҷет (қувваи корӣ, моддӣ ва пули нақд) захираҳо дошта бошанд. Дар навбати худ ҳангоми татбиқи лоиҳа Соҳибкорон ва Лоиҳа оид ба кишоварзӣ ва идоракунии заминҳои кишоварзӣ дар Тоҷикистон дар доираи ташаббуси “Озуқаворӣ ба хотири оянда” ба 20 нафар занон ва ҷавонони осебпазир донишу малакаҳои навро тариқи омузишҳо ва барномаҳои менторӣ меомӯзонанд.  Дар натиҷа онҳо бояд дар мавсими оянда барои оғози тиҷорати худ боварӣ ҳосил карда, лоиҳа таҳия намуда эҳтимолияти худшуғлии худро афзоиш дода, даромад ба даст биёранду дар натиҷа ба бозингарони ҳадафманди занҷираи арзиш табдил ёфта, бозори фарогир созанд.

 

Лоиҳаи мазкур ду зани соҳибкори пешсафро дар такмил додани тиҷорати мавҷудаи истеҳсоли қулфинай дар сатҳои зерин дастгирӣ мекунад:

 

 

  • Интегратсияи технологияи навин дар истеҳсоли қулфинай – насб намудани гармхонаҳо ва ворид намудани навъҳои гуногуни қулфинайи ба бозор нигаронидашуда;
  • Баланд бардоштани иқтидори соҳибкорон ва 20 нафар занону ҷавонон баҳри баланд бардоштани малакаву дониш дар идоракунии тиҷорат тавассути тренингҳо ва барномаҳои менторӣ.

 

 

Дархосткунандагони ҳавасманд бояд бо шартҳои мухтасари азмун (инҷо) шинос шуда шакли пуркардашудаи пешниҳодро/изҳороти ҳавасмандиро ба суроғаи электронии  ALG_Grants@dai.com бо нишон додани сатри мавзӯъ “IPF-18-22” пешниҳод намоянд. Ҳама гуна саволҳо оид ба ин Изҳороти ҳавасмандӣ ва дархост барои IPF-018-22 бояд дар шакли хаттӣ на дертар аз 19 майи соли 2022 ба Гурӯҳи Грантҳои Лоиҳа оид ба кишоварзӣ ва идоракунии заминҳои кишоварзӣ дар Тоҷикистон дар доираи ташаббуси “Озуқаворӣ ба хотири оянда” , ALG_Grants@dai.com  пешниҳод карда шаванд ва ба рақамҳои (+992)909314400 ва (+992)938803068 тамос гиранд.

 

Барои равшан намудани ҳама саволҳо марбут ба изҳороти ҳавасмандӣ, кормандони Лоиҳа оид ба кишоварзӣ ва идоракунии заминҳои кишоварзӣ дар Тоҷикистон дар доираи ташаббуси “Озуқаворӣ ба хотири оянда” гузаронидани ҷаласаи иттилоотиро барои довталабони эҳтимолии манфиатдор ба нақша гирифтаанд, ки на дертар аз 8 рӯз пеш аз санаи анҷоми дар боло зикршудаи озмун, 12 ва 13 майи ва такроран 16-17 уми майи соли 2022, аз соати 10:00 то 12 баргузор мегардад.

EOI/Аризаҳо бояд на дертар аз 22 майи соли 2022, 18 рӯз пас аз санаи нашр дар идораи лоиҳаи Лоиҳа оид ба кишоварзӣ ва идоракунии заминҳои кишоварзӣ дар Тоҷикистон дар доираи ташаббуси “Озуқаворӣ ба хотири оянда” қабул карда шаванд. Дархостҳо ва тағйироти онҳо бояд дар формати pdf (бартарӣ) ё формати дигари электронӣ ба Гурӯҳи Грантҳо, ALG_Applications@dai.com бо нишон додани сатри мавзӯъ “RFA IPF-018-22” ё нусхаи қоғазӣ ба яке аз суроғаҳои зерин пешниҳод карда шаванд:

Идораи Душанбе

Хиёбони Рудакӣ 127

Бинои Рудакӣ Плаза

10-ум ошёна

Идораи Бохтар

кучаи Ҷ.Румӣ 377/378, 37

 

Идораи Шаҳритус

Хиёбони Шаҳритус

Кучаи Исмоили Сомонӣ 71

 


Eurasia Foundation, Tajikistan